Сафари кории консули генералӣ ба вилояти Иркутск

26.05.2025 23:01

23-25 майи соли 2025 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба вилояти Иркутски Федератсияи Россия доир шуд.

Дар рафти сафар бо вохӯриҳо бо роҳбари намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Иркутск Котелников А.А., ноиби ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский оид ба робитаҳои хориҷӣ Репетский О.В., инчунин донишҷӯёни тоҷик, роҳбарият ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Иркутск мулоқотҳо баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавии дуҷониба, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақа кору фаъолият ва таҳсил доранд, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg