Иштироки консули генералӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “LIBWAY-2025: Илм, технология ва маълумот дар китобхонаҳо”

27.03.2025 15:42

26 марти соли 2025 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “LIBWAY-2025: Илм, технология ва маълумот дар китобхонаҳо” бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Новосибирск баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур консули генералӣ дар мавзуи “Саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” суханронӣ кард.

Ҳамзамон дар кори Конфронси байналмилалии “LIBWAY-2025” аз ҷониби Тоҷикистон директори Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Суфизода Шодимуҳаммад, инчунин олимону кормандони китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони минтақаҳои Россия иштирок доштанд.

Қобил ба зикр аст, ки Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “LIBWAY-2025: Илм, технология ва маълумот дар китобхонаҳо” яке аз бузургтарин анҷуманҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба масъалаҳои мубрами рушди китобдорӣ, низоми иттилоотӣ ва технологияҳо бахшида шудааст. Конфронс ҳамасола дар вилояти Новосибирск баргузор шуда, коршиносони варзидаи ҷаҳонро гирди ҳам меорад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg