21 феврали соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Новосибирск Зерняева Елена Александровна баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти кумаки ҳуқуқӣ ва ҳифзи муҳоҷирони корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон вазъи кунунии ҳамкориҳоро мусбат арзёбӣ намуда, бархе аз паҳлӯҳои дурнамои онро баррасӣ карданд. Консули генералӣ омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар рушди ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Новосибирск, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак изҳор намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.