Иштироки Консули генералӣ дар вохӯрии Губернатори Новосибирск бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар вилояти Новосибирск

09.02.2024 16:14

9 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин дар вохӯрии Губернатори вилояти Новосибирск Травников Андрей Александрович бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар вилояти Новосибирск бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони дипломатии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ инчунин Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Консули генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, Консули генералии Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянмар, сардори шӯъбаи (дафтари) Сафорати Ҷумҳурии Арманистон, сардори шӯъбаи (дафтари) Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар шаҳри Новосибирск, консули фахрии Ҷумҳурии Қазоқистон ва роҳбари Намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Новосибирск Николай Афонасов иштирок намуданд.

Дар суханронии хеш, Консули генералӣ кормандони Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Новосибирскро ба муносибати Рӯзи кормандони дипломатии Федератсияи Россия табрик намуда, таваҷҷуҳи Губернатор ва ширкаткунандагони чорабиниро ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск,  таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷалб намуд.

Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ Консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск вохӯриҳо танзим карда шуда, барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, мусоидат карда шавад.

Дар фарҷоми суханронии худ, Консули генералӣ аз ҷаноби Травников Андрей Александрович даъват ба амал овард, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg