Иштироки Консули генералӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

27.01.2024 14:18

26 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин дар кори ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуд.

Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, донишҷӯён, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаноби Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, донишҷӯён, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ дар байни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик суханронӣ кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Россия бо сипосномаҳои Сафорат барои саҳми арзанда ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg