28 декабри соли 2023 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони консулгарӣ, роҳбарону аъзоёни ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Дар фаҷоми тамошои Паём, Консули генералии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода, аз онҳо дархост ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.