Вохӯрии Консули генералӣ бо директори ҶСК “Фурудгоҳи Толмачёво”-и ш.Новосибирск

19.12.2023 17:21

18 декабри соли 2023 бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин бо Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи Толмачёво» Янкилевич Евгений Якирович баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба татбиқи нақшаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагӣ барои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуданд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg