Иттилоия дар бораи натиҷаҳои сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Томск

30.11.2023 02:29

Рӯзҳои 27-28 ноябри соли 2023 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба вилояти Томск баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯби ин сафар рӯзи 27 ноябр Консули генералӣ дар мизи мудаввар ширкат карда, дар мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва маориф суханронӣ намуд.

Ҳамчунин 28 ноябри соли 2023 мулоқоти Консули генералӣ бо Губернатори вилояти Томск Мазур Владимир Владимирович доир гашт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томск ибрози назар намуданд. Бавижа таваҷҷуҳи хосса, ба масъалаҳои марбут ба вазъи будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷкистон дар минтақа, зоҳир гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро баҳри таҳким ва рушди баъдии муносибатҳои дуҷониба таъкид доштанд. Дар ин замина, Консули генералӣ омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.

Худи ҳамон рӯз Консули генералӣ бо Раиси Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати вилояти Томск” Максим Костарев мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи имкониятҳои мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод қайд намуданд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Томск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ гардид. Дар идомаи мулоқот тарафҳо масъалаи роҳандозии табодули таҷриба миёни доираҳои тиҷоратии минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томскро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, ҳамон рӯз дар “Хонаи қабули маъмурияти вилояти Томск” мизи мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳо, пешгирии ифротгароӣ ва ташаннуҷи байнидинӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид, ки дар кори он Консули генералӣ ширкат намуд.

Консули генералӣ дар суханронии худ дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар андешидашуда суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни хориҷи кишвар умеди зиёд дорад. Консули генералӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла дар чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, намунаи равшани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg