Мулоқоти Консули генералӣ бо Губернатори вилояти Томск

29.11.2023 17:00

28 ноябри соли 2023 дар доираи сафари корӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо Губернатори вилояти Томск Владимир Владимирович Мазур мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба манзури густариши равобити тиҷоратию иқтисодӣ Консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Томск мулоқотҳо ташкил карда шаванд.

Дар ин робита, Консули генералӣ ҷиҳати муосидат намудан дар ширкати соҳибкорон дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои гуногуни байналмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, даъват ба амал овард.

Таҳия ва имзои қарордодҳои дахлдори ҳамкорӣ миёни манотиқи Тоҷикистон ва вилояти Томск, инчунин густариши табодули фарҳангиву омӯзишӣ аз мавзуъҳои асосии матраҳшуда ба ҳисоб мерафт.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи хосса, ба масъалаҳои марбут ба вазъи будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷкистон дар минтақа, зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуданд. Дар ин замина Консули генералӣ омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.

Баҳри татбиқи ниятҳои бадастомада, Консули генералӣ аз Губернатори Томск даъват ба амал овард, то дар вақти барояш мувофиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом диҳад.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg