17 ноябри соли 2023 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Кемерово баргузор гардид.
Дар доираи сафар Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Академияи давлатии аграрии Кузбасс Ижмулкина Е. А. ва донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот бо ректор рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён доир ба раванди таълим, шароити зист ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик мубодилаи афкор сурат гирифт.
Консули генералӣ зикр кард, ки имрӯз ҳукумати кишвар ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни хориҷи кишвар умеди зиёд дорад.
Дар робита ба ин, Консули генералӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд. Пешниҳод гардид, то дар вақти берун аз дарс, ҳарчи бештар ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илму техникаи пешрафта, касбу ҳунарҳои замонавӣ мароқ зоҳир намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Дар доираи сафар вохурии Консули генералӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии диаспораи тоҷик, фаъолон ва соҳибкорони ватанӣ низ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Консули генералӣ аз ҳамаи ҳозирин ҷиҳати саҳмгузор будан дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба суннат ва фарҳанги ниёгон, кумаки саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо ва амалинамоии фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ, дар байни ҷавонон даъват ба амал овард.
Инчунин, дар доираи сафар Консули генералӣ дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рушди иқтидори истеҳсолкунандаи Кузбас: таърих, таҷрибаи ҳозира ва стратегияи оянда” иштирок намуд.