15 ноябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар вохӯрии анъанавии солонаи раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот бо роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва шуъбаҳои сафоратхонаҳои хориҷӣ, ки дар шаҳри Новосибирск фаъолият доранд, иштирок намуд.
Дар чорабинӣ инчунин Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, консули Ҷумҳурии Қирғизистон, сардори шӯъбаи (дафтари) Сафорати Ҷумҳурии Арманистон, сардори шӯъбаи (дафтари) Сафорати Ҷумҳурии Белорус, консули фахрии Ҷумҳурии Қазоқистон ва роҳбари Намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Новосибирск Николай Афонасов иштирок намуданд.
Дар суханронии хеш Консули генералӣ таваҷҷуҳи шаҳрдори Новосибирск ва ширкаткунандагони чорабиниро ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ҷалб намуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба иброз намуданд.
Консули генералӣ омодагии худро баҳри расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи муносибатҳои байниминтақавӣ изҳор дошт.