3 ноябри соли 2023 сафари кории Консули генералӣ ба шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Федератсияи Россия ба мақсади шиносоӣ аз вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар ин шаҳр ва иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Дар чорчӯби сафар бо Раиси шаҳри Бердск, бо Директори ширкати сохтмонии “Кристалл”, бо роҳбарони корхонаҳои хишти Бердск ва сохтмонии “Рубин”, ки муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин корхонаҳо кору фаъолият мекунанд, вохӯриҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯриҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону вилояти Новосибирск дар соҳаи савдо, иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин дар доираи сафар вохӯрии Консули генералӣ бо Директори коллеҷи Политехникии шаҳри Бердск, гуррӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳ ва дар коллеҷи тиббӣ таҳсил менамоянд, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолони ватанӣ баргузор гардид.