Вохӯрии Консули генералӣ бо Губернатори кишвари Красноярск

20.10.2023 01:09

19 октябри соли 2023 дар дориаи сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Красноярск вохӯрӣ бо Губернатори кишвари Красноярск Котюков Михаил Михайлович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.

Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ Консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск вохӯриҳо танзим карда шуда, барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, мусоидат карда шавад.

Таҳия ва имзои созишномаҳои дахлдор оид ба ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск яке аз мавзуъҳои асосие ба ҳисоб мерафт, ки ҷонибҳо баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо миёни  минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск изҳор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg