6 октябри соли 2023 Консули генералӣ аз Маркази боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Новосибирск дидан намуда, бо муовини роҳбари он Сарнаков Евгений Георгиевич ва шаҳрвандони кишвар вохурӣ анҷом дод.
Дар мулоқот бо роҳбарияти Марказ масъалаҳои ҷорӣ ва марбут ба шароити будубоши шаҳрвандони тоҷик дар маркази мазкур, мушкилоти мавҷудаи онҳо, инчунин равобити минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон вохурӣ анҷом дода шуда, оид ба масъалаҳои марбут ба шароити нигоҳдории онҳо табодули афкор сурат гирифта, роҷеъ ба қонунҳои амалкунандаи Россия дар бахши муҳоҷират барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва бо дастгирии ҷамъиятҳо ва фаъолони диаспораи тоҷик ба шаҳрвандони тоҷик ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар Маркази мазкур қарор доранд, маводи озуқаворӣ расонида шуд.