27 сентябри соли 2023 Консулгарии генералӣ дар доираи сафари кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаноби Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирск, мулоқот бо Раиси Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати вилояти Новосибирск” Сергей Алтухов ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони диаспораи тоҷикон ва созмонҳои ҷамъиятиро танзим намуд.
Дар вохӯрӣ бо Раиси Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати вилояти Новосибирск” Сергей Алтухов масоили тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аҳаммияти рушди ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск таъкид карда шуд.
Сафир ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии кишварамон ба вилояти Новосибирск баён намуда, ба ҳамкории фаъол дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Таваҷҷуҳи хосса ба масоили танзими мулоқотҳо миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ва ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, зоҳир гардид.
Дар ин робита, Сафир аз Раиси Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати вилояти Новосибирск” даъват ба амал овард, ҷиҳати иштироки доираи соҳибкорони Новосибирск дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, мусоидат намояд.
Нимаи дуюми рӯз Сафир бо намояндагони диаспораи тоҷикон, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони онҳо мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Сафир ба ҳозирин қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро шарҳ дода, дар бораи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Россия маълумот пешниҳод намуд. Таваҷҷуҳи хосса ба масоили пешгирии содирнамоии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, донишҷӯён, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ дар байни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик баррасӣ карда шуд.