26 сентябри соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаноби Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Новосибирск ҷаноби Андрей Александрович Травников баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоил, аз ҷумла таъмиқ ва таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ Сафири Тоҷикистон пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск мулоқотҳо ташкил карда шуда, барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байнулмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, мусоидат лозима сурат гирад.
Дар ин робита, Сафир ҳайати намояндагони вилояти Новосибирскро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.
Яке аз мавзуъҳои асосие, ки тарафҳо матраҳ намуданд, ин таҳия ва имзои созишномаҳои дахлдор оид ба ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ба ҳисоб мерафт.
Ба масъалаҳои марбут ба вазъи буду бош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷкистон дар минтақа, мушкилоти мавҷуда дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуданд. Қайд гардид, ки кишварҳо барои густариш ва рушди ҳамкориҳо захираву имкониятҳои зиёде доранд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот баргузор гардид, ки дар рафти он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Таваҷҷуҳи хоса ба роҳандозии масъалаи робитаҳои бародаршаҳрӣ бо баимзорасонии созишномаи дахлдор, инчунин фаъол намудани табодули фарҳангӣ ва маориф зоҳир гардид. Дар ин замина роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.
Мулоқотҳо дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.