Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Новосибирск

26.09.2023 19:45

26 сентябри соли 2023 Консулгарии генералӣ дар доираи сафари кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаноби Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирск, мулоқот бо ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск Евгений Рудой ва донишҷӯёни тоҷикро, ки дар муассисаҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, танзим намуд.

Дар мулоқоти Сафир бо ректор масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим ва шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафир аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити барои донишҷӯён фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён, Сафир ба онҳо дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар маълумоти муфасал дод. Инчунин дар рафти вохӯрӣ мавқеи хоси сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва пешрафти ҷавонон, саҳми арзандаи онҳо дар рушди имрӯза ва ояндаи ҷумҳурӣ зикр карда  шуд. Ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафир аз донишҷӯёни тоҷик даъват ба амал овард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла дар чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg