8 сентябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи губернатори вилояти Новосибирск ва Ҳукумати вилояти Новосибирск Конишин Игор Викторовичро ба ҳузур пазируфт.
Игор Конишин ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми табрикии Губернатори вилояти Новосибирск ҷаноби Травников Андрей Александровичро ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирскро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид карданд.
Ҳамчунин, ба Консулгарии генералӣ номаи табрикотии Роҳбари мақомоти намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Новосибирск Афонасов Николай Алексеевич ворид гардид.
Консулгарии генералӣ барои табрикоти самимӣ ва орзуҳои нек миннатдории худро изҳор медорад.