Сафари консули генералӣ ба шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия)

14.08.2023 15:59

12-13 августи соли 2023 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия) Федератсияи Россия баргузор гардид.

  Дар чорчӯби сафар вохӯрӣ бо Вазири робитаҳои беруна ва кор бо халқҳо Кириллин Г.В. ва Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сидорова В.И. дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Якутияро дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ, инчунин, масъалаҳои будубош ва танзими раванди муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия) “Иттифоқи тоҷикон” ва фаъолони тоҷик, ки дар минтақа кор ва зиндагӣ менамоянд, доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg