5-6 августи соли 2023 сафари кории Консули генералӣ навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Красноярски Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорчӯби сафар вохуриҳо бо намояндагони диаспораи тоҷик, фаъолон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Красноярск таҳсил менамоянд, доир гардид.
Зимни вохуриҳо ба иштирокдорон роҷеъ ба масъалаҳои мубрам, аз қабили Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон, баргузории чорабиниҳои миллию фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ сӯҳбат ороста шуд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик онҳо оид ба мушкилоти мавҷуда дар раванди таҳсилашон ва шароити будубоши худ маълумот дода, ҷиҳати ёфтани роҳҳали камбудиҳои мавҷуда изҳори назар сурат гирифт.
Инчунин зимни сафар хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ ва кору фаъолият доранд, расонида шуд.