Вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон

01.08.2023 09:28

29 июли соли 2023 дар бинои Консулгарӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новосибирск, Томск, Кемерова, Алтай ва Новокузнетск баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ доир ба густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ҷавонон гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ миёни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик табодули афкори судманд сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg