18 июли соли 2023 мулоқоти Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин бо Роҳбари мақомоти намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Новосибирск Афонасов Николай Алексеевич баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои тиб, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба вазъи буду бош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷкистон дар минтақа, мушкилоти мавҷуда дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия, инчунин мушкилоти мавҷудаи ҳуқуқӣ ва маишии муҳоҷирони меҳнатӣ, зоҳир гардид.
Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ, ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ пешниҳод гардид, ки миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск мулоқотҳо ташкил карда шуда, барои ширкат дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байнулмилалӣ, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, мусоидат лозима сурат гирад.
Қайд гардид, ки кишварҳо барои густариш ва рушди ҳамкориҳо захираву имкониятҳои зиёде доранд. Дар ин замина, Консули генералӣ омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба қайд намуданд.
Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.


