Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани V сайёҳии Сибир

08.04.2023 21:44

5-7 апрели соли 2023 дар шаҳри Новосибирск бо дастгирии Ҳукумати вилояти Новосибирск Анҷумани V сайёҳии Сибир баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти федералии Россия ва Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба туризм ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, Ассотсиатсияи байниминтақавии «Сибирское соглашение» ва роҳбарони мақомоти иҷроияи субъектҳои Федератсияи Россия, ки дар соҳаи сайёҳӣ масъуланд, намояндагони муассисаҳои дипломатии дар минтақа аккредитатсияшуда, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон ва ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доштанд

Зимни чорабинӣ тамоюлҳои соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои он, таъсиси майдонҳои иртиботӣ барои табодули афкор ва таҷрибаи коршиносону мутахассисони пешқадами соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои субъектҳои сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони осоишгоҳҳо ва курортҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар кори мизи мудаввар дар мавзӯи «Табодули бидуни раводид ва ҷараёни сайёҳии байнидавлатӣ», ки дар ҳошияи Анҷуман баргузор гардид, намояндагон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби дуюми Консулгарии генералӣ иштирок карда, роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳа ва самтҳои авлавиятноки он, инчунин дурнамои ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия суханронӣ намуданд.

Дар рафти баргузории нишасти корӣ навори видеоӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда буд, пешкаши иштирокчиён гардид.

Бо дастгири Консулгарии генералӣ ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Новосибирск, дар таърихи 6 апрел гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Анҷуман ташкил карда шуд, ки дар он ашёи гулдӯзии дастӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, варзиш ва маориф ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин дар рафти чорабинии мазкур маводи таблиғотӣ оид ба табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон миёни иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ паҳн карда шуд.

Ҳамзамон қобил ба зикр аст, дар чаҳорчӯби Анҷуман мулоқотҳои намояндагони осоишгоҳҳо ва курортҳои кишвар бо ҳамтоёнашон аз Федератсияи Россия танзим карда шуд, ки зимни онҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ, инчунин дигар масъалаҳое мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо миёни ширкатҳои ватанӣ ва бахши хусусии Федератсияи Россия 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg