15 декабри соли 2022 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ба шаҳри Томск баргузор гардид. Дар ин сафар ӯро аъзои Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ва кормандони Консулгарии генералӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳадаф аз сафари корӣ - гузаронидани корҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи қонуну анъанаҳо, инчунин шиносоӣ бо раванди таълим, шароити зиндагӣ ва дигар паҳлӯҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шахри Томск ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, иборат буд.
Дар доираи сафар, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Томск (ДДТ) ва донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти ДДТ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо, оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён доир ба раванди таълим, шароити зист ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Консули генералӣ зикр кард, ки имрӯз ҳукумати кишвар ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар шароити хуб фароҳам меорад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни хориҷи кишвар умеди зиёд дорад ва бар он аст, ки онҳо мутахассисони баландихтисос шуда, дар оянда ба рушди кишвар саҳм мегузоранд.
Дар робита ба ин, Консули генералӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд. Пешниҳод гардид, то дар вақти берун аз дарс, ҳарчи бештар ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илму техникаи пешрафта, касбу ҳунарҳои замонавӣ мароқ зоҳир намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, Консули генералӣ ба онҳо дар таҳсил ва такмили донишашон муваффақият таманно намуд.