17 марти соли 2022 суханронии маҷозии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Қурбонзода дар нишасти пленарии иҷлоси 66-уми Комиссия оид ба мақоми занон шунида шуд.
Зимни суханронӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва пурзур кардани мақоми занон дар Тоҷикистон ба ҳозирин ҳисобот дод.
Ҳамзамон, Ҳ. Қурбонзода аз ҳамбастагии масъалаи обу иқлим ва нақши занон дар ин раванд гуфта, ширкаткунандагони иҷлосияро ба Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» , ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.