Мулоқот бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ

16.03.2022 09:09

15 марти соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ хонум Мами Мизутори мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбарии мавзӯи об ва масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо дар бораи бунёди ҳамбастагии Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” соли 2023 дар Ню-Йорк ва Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» соли 2022 дар Душанбе бо Конфронс оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуданд.

Инчунин, дар мулоқот роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор низ сурат гирифт.

UNDRR-150322-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg