Суханронии Президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

17.04.2020 09:23

СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 

ДАР ИҶЛОСИЯИ НАХУСТИНИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАЪВАТИ ШАШУМ

 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин гардиданатон ба мақоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо дар иҷрои салоҳияти пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданашон табрик гуфта, ба онҳо низ барори кор мехоҳам.

Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад.

Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.

Бовар дорам, ки онҳо бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд.

Бахусус, мехоҳам таъкид намоям, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.

Онҳо бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд.

Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Қонунҳо дар чунин сурат санҷидаву пухта таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд.

Қонунҳо, ҳамчунин, бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани ин сиёсати созанда мо тавонистем бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда чандин консепсия ва стратегияву барномаҳои давлатиро таҳия ва роҳандозӣ намоем ва бо ин роҳ иқтисодиёти кишварро аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби дохиливу берунӣ эмин дорем.

Бо татбиқи ин сиёсат мо давлат ва ҷомеаро ба самти рушди устувору бонизом равона сохта, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидем.

Ман андешаҳои худро вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳҳои пешрафти ояндаи кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда дар назди ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузоштам.

Дар баробари ин, барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ дар баробари тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои қонунгузорӣ омили муҳим ба шумор меравад.

Зеро қонун воситаи танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошад.

Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо ва таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва сатҳу сифати амалишавии онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчии давлатӣ мебошед.

Аз ин лиҳоз, шумо бояд, пеш аз ҳама, вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карда, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намоед.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати бисёр печидаву ногувор ва душвору хатарзо қарор дорад.

Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд.

Идома пайдо кардани чунин вазъият метавонад ба аҳли башар, бахусус, барои кишварҳои рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуши ҷиддӣ ба бор оварад.

Ман андешаҳои худро доир ба ин мушкилоти минтақа ва ҷаҳон борҳо, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён кардам ва ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ даъват намудам.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз фурсат, зарур мешуморам, ки таваҷҷуҳи шумо ва кулли сокинони кишварро ба як масъалаи бисёр ҳам муҳимми рӯз ҷалб намоям.

Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст.

Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Вазъият ба дараҷае нигаронкунанда аст, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар ҳамаи 50 штати кишвари худ, яъне дар тамоми қаламрави мамлакат низоми “фоҷиа ё бадбахтии бузург” эълон кард.

Ҳукумати кишвар аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар кишвари мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад.

Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем. Масалан, дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад.

Зарур аст, ки иншооти зикршуда ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии кишвар самаранок истифода карда шавад.

Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматиро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ҳамкории худро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мустаҳкам намоед ва дар доираи имкониятҳои худ чораҳои зарурӣ андешед.

Махсусан, аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву корхонаҳоро ба уҳда доранд, бояд дар ин самт тамоми имконоту воситаҳоро истифода намоянд.

Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабо истодагарӣ мекунанд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар комёб мегарданд.

Ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст.

Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем.

Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд.

Аз ин лиҳоз, мо ҳамчун миллати бостониву соҳибфарҳанг бо мардумони мамолики дунё, хусусан, ҳамсояҳои наздики худ эҳсоси ҳамдардӣ дошта бошем ва дар доираи имкон ба онҳо дастгириву кумак расонем.

Як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон менамоям, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву молиявӣ ва ҳам аз нигоҳи амниятиву бехатарии ҳар як давлат ва шаҳрвандони он аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарноктар гардида истодааст.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем.

Ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ ёрмандӣ кунем ва бовар дошта бошем, ки ин рӯзҳо низ мисли давраҳои аз ин вазнинтар ҳатман мегузаранд.

Ҳамчунин, мардуми мо бояд як масъаларо хуб дарк намоянд, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст ва фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳамаи сокинони мамлакат, бахусус, кишоварзон дар ин рӯзҳои баҳорӣ вобаста мебошад.

Ба ёд биёрем давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонро.

Падару бобоёни мову шумо, дар шароите, ки техникаи кишоварзӣ вуҷуд надошт, бо даст киштукор карда, ҳам оилаи худашонро бо нон таъмин мекарданд ва ҳам ба ҷабҳаи ҷанг даҳҳо ҳазор тонна маводи ғизоӣ мефиристоданд.

Чунки вазъият ҳаминро талаб мекард. Имрӯз ҳам чунин вазъият ба миён омадааст.

Яъне имрӯз мо бояд заҳмат кашида, худамонро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем.

Такроран хотирнишон месозам, ки имрӯз ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву технологӣ пешрафта, ғайр аз талафоти ҷонӣ, ба хисороти бузурги молиявӣ, яъне буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гирифтор шуда истодаанд.

Иқтидору имкониятҳои иқтисодиву истеҳсолии мо, албатта, ба пояи онҳо нест, чунки мо захираҳои калони нафту газ надорем.

Бинобар ин, мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст.

Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.

Дар солҳои бисёр душвори 90-ум, ки ба мардуми мо гуруснагӣ таҳдиди воқеӣ дошт, бо фармонҳои Президенти мамлакат аввал моҳи октябри соли 1995-ум 50 ҳазор гектар ва бори дуюм моҳи декабри соли 1997-ум 25 ҳазор гектар замин ба сокинони кишвар тақсим карда дода шуд.

Ин заминҳо, ки онҳоро ҳоло халқ «замини Президентӣ» меномад, сабаб шуданд, ки мардуми Тоҷикистон аз гуруснагӣ раҳо ёбанд.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр ҷойҳо заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ солҳои дароз бекор мемонанд. Ин нишонаи фориғболӣ ва ношукрист.

Ҳол он ки аз чунин заминҳо барои таъмин намудани оилаи худ картошка ва дигар навъи зироатҳо, яъне маҳсулоти ғизоӣ гирифтан мумкин аст.

Дар ин раванд, бисёр зарур аст, ки ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавассути бунёди коргоҳу корхонаҳои нав суръат бахшидан ба рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, таъсиси гармхонаву сардхонаҳо барои истеҳсол ва захираи меваю сабзавот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.

Имрӯз дар минтақаҳои ҷануби кишвар, яъне вилояти Хатлон сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз пухта расидааст.

Мо бояд ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозори истеъмолӣ, пеш аз ҳама, бозори дохилӣ бо сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он кумак расонем.

Дар иҷрои ин корҳо ҳамаи мо – роҳбарону масъулони зинаҳои гуногуни давлатӣ, сарфи назар аз он ки дар кадом вазифа кор мекунем ва тамоми хизматчиёни давлатӣ масъулияти шахсӣ дорем.

Соҳибкорони бонангу номуси мо низ бояд дар бобати ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, барои ҳамватанонамон муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари молу маҳсулот ва дар навбати аввал маводи ғизоӣ, таъминоти бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содирот мисли ҳарвақта ташаббускор ва пешсафу намуна бошанд.

Дар ин раванд ҳамаи мо бояд як масъалаи бисёр муҳимро дар назар дошта бошем, ки солҳои 2020 – 2021 аз лиҳози иқтисодӣ ва молиявӣ давраи ниҳоят мураккаб мешаванд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таҷлил кардем.

Акнун зарур аст, ки ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, раванди созандагиву бунёдкорӣ, кишти баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.

Яъне зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад.

Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Дар ҳоле, ки дар баъзе кишварҳо ҳар шабонарӯз 600-800 нафар одамон ба ҳалокат расида истодаанд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

Калонсолон ёд доранд, ки дар муддати қариб сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза бар асари чандин намуди вабо, аз ҷумла холера, оспа, тиф ва дигар бемориҳои сироятӣ одамони зиёд талаф ёфта, ҳатто деҳаҳои калон пурра холӣ, яъне бе одам монда буданд.

Мардуми Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ низ рӯзҳои аз ин душвору сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар дохили кишвар гуреза шудани садҳо ҳазор нафар одамон, гуруснагӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятиро аз сар гузаронидаанд.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз як миллион нафар шаҳрвандони мо ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурданд, яъне гурезаи иҷборӣ шуданд ва зиёда аз 150 ҳазор нафари дигар ҳалок гардиданд.

Ҳол он ки дар давоми қариб ҳафт соли Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, 100 ҳазори онҳо ҳалок шуда буданд.

Илова бар ин, хотирнишон менамоям, ки мо бояд аз маъракаҳои зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда худдорӣ кунем, ба исрофкорӣ, хусусан, исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ қатъиян хотима бахшем ва ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, ҳарчи беҳтар бо ғизои босифат таъмин намудани оилаи худ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ беэътиноӣ накунем ва фаромӯш насозем, ки зиёдаравӣ ва зоҳирпарастиву исрофкорӣ боиси касодӣ ва нохушии рӯзгори ҳар як хонадон мегардад.

Мутаассифона, баъзе шахсон дар ҷомеаи мо азобу маҳрумият ва мушкилоту мушаққатҳои солҳои 90-ум, алалхусус, азоби бенониву гуруснагиро фаромӯш кардаанд ва ношукрӣ мекунанд.

Такроран таъкид менамоям, ки ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва модарону бонувони муҳтарами мо ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки Прокуратураи генералӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумат дар маҳалҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» тадбирҳои қатъии иловагӣ андешанд.

Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, ҷараёни иҷрои дигар қонуну қарорҳо ва амру фармонҳои Роҳбари давлатро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, иҷрои ҳатмии онҳоро таъмин намоянд.

Илова бар ин, моро зарур аст, ки мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем.

Бори дигар таъкид месозам, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.

Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд.

Мо қариб чор моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем.

Дигар ин, ки зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, алалхусус, дар давраҳои ҳассосу вазнин саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад, заҳмат кашида, аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя менамояд.

Ҳоло дар кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳар рӯз вазъи ҷориро вобаста ба тадбирҳои таъмини бехатарии саломатии шаҳрвандон, чораҳои пешгирикунанда, таъминот бо озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда истодааст.

Илова бар ин, намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо сафарбар шудаанд, ки онҳо якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти маҳаллӣ бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкиливу пешгирикунанда машғуланд.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем.

 Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем.

Мо минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин ҷода бо кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздики худ, шарикони стратегӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем.

Вобаста ба ин, сиёсати иқтисодӣ ва роҳҳои амалисозии он бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа ва ҷаҳон, дигаргуниҳои дар муносибатҳои байналмилаливу байнидавлатӣ бавуҷудомада роҳандозӣ шуда, барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар асоси манфиатҳои кишварамон тарҳрезӣ ва иҷрои онҳо таъмин карда мешавад.

Барои ҳарчи бештар пайвастан ба иқтисоди ҷаҳонӣ, истифода аз техникаву технологияҳои пешрафта ва дар ин замина таъмин кардани рушди иқтисоди миллӣ моро зарур аст, ки барои босифат ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунҳо мунтазам чораҷӯӣ намоем.

Бо мақсади вусъати бештари корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсиву ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз ҳам тавсеа бахшида шавад.

Мо нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонуният ва тартибот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти фазои ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ мекунем.

Умед аст, ки ҳайати нави Маҷлиси миллӣ низ бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт кӯшиши бештар анҷом медиҳад.

Дар ин ҷода, аъзои Маҷлиси миллӣ, бахусус, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти масъалаву мушкилоти мавҷуда ҷиҳати ҳалли онҳо ва дигар масоили зиндагии мардум бояд ба қонунгузории кишвар дигаргуниҳо пешниҳод кунанд ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар ин самт низ саҳмгузор бошанд.

Илова бар ин, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба масъалаи таъмини риояи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътибори ҷиддӣ диҳанд, бо мардум аз наздик ҳамкорӣ кунанд ва дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонанд.

Инчунин, барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва сазовор гузаронидани ҷашни бузурги миллиамон - сисолагии истиқлолияти давлатӣ мо бояд тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ созем.

Дар ин самт раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирон ва сокинони пешкору созанда тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти Тоҷикистони азиз сафарбар намоянд.

Бовар дорам, ки шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.

Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ - Раис ва муовинони ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, ки мардум ба онҳо бовар кардааст, дар ин ҷода масъулияти даҳчанд доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе пешсафу ташаббускор бошанд.

Шумо бояд, пеш аз ҳама, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ намунаи ибрат бошед.

Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо барору комёбӣ орзу менамоям.

Сиҳатманду сарбаланд бошед!

49784455137-641a42eef5-o-17-04-2020.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg