Эълон: Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025

17.02.2025 17:11

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат ва кору фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, дар бинои Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар шаҳри Ню Йорк санаи 2 март аз соати 08:00 то 20:00 участкаи овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Аз шаҳрвандони муқими ш. Ню Йорк ва атрофи он даъват ба амал оварда мешавад, ки дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2025 фаъолона иштирок намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар овоздиҳӣ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ), шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Макон: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид:

Суроға: 228 East 45th Street, 17th Floor, New York 10017 Барои маълумоти бештар ба шумораи +1 (212) 207- 3315 ё тавассути саҳифаи Facebook-и Намояндагии доимӣ тамос гиред.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат ва кору фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, дар бинои Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар шаҳри Ню Йорк санаи 2 март аз соати 08:00 то 20:00 участкаи овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Аз шаҳрвандони муқими ш. Ню Йорк ва атрофи он даъват ба амал оварда мешавад, ки дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2025 фаъолона иштирок намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар овоздиҳӣ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ), шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Макон: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид:

Суроға: 228 East 45th Street, 17th Floor, New York 10017.

IMG-9085.jpeg

Барои маълумоти бештар ба шумораи +1 (212) 207- 3315 ё тавассути саҳифаи Facebook-и Намояндагии доимӣ тамос гиред.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg