Мулоқоти муовини якуми вазир бо сафири Австрия

28.05.2024 08:37

28,05,2024,17,40.jpg

28 майи соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона) Вилли Кемпелро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия, ҳамчунин ҳолати кунунии муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро муҳокима намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ба Вилли Кемпел барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Австрия изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg