Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи ниҳоди “СММ-Занон”

13.02.2024 10:42

12 феврали 2024 Ҷаласаи якуми маъмулии Шӯрои иҷроияи Сохтори СММ оид ба баробарии гендерӣ ва тавондмандсозии занон (СММ-Занон) баргузор шуд. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ҳамчун муовини президенти Шӯрои иҷроияи СММ-Занон барои соли 2024 дар кори ҷаласа иштирок ва суханронӣ кард.

Дар суханронии Намояндаи доимии кишвар қайд гардид, ки Тоҷикистон таҳкими сиёсати гендериро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Чаҳорчӯби васеи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ дар бораи ҷонибдории Ҳукумати Тоҷикистон аз татбиқи баробарии гендерӣ гувоҳӣ медиҳад.

Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои муҳими стратегиро барои баланд бардоштани иштироки фаъоли занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қабул ва татбиқ намуда истодааст. Дар ин росто, аз Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030, ёдовар карда шуд.

 

un-women.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg