8 феврали соли 2024 вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири нави минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози вежа оид ба бӯҳрони гурезаҳо ва муҳоҷирон Реҷина Де Доминичис баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро мавриди муҳокима қарор дода, ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии кӯдакон, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, таъкид намуданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» махсусан қайд карда шуд. Ҷонибҳо инчунин оид ба барпо кардани чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (10-13 июни 2024, Душанбе) изҳори назар карданд.