Иштирок дар брифинги сатҳи баланди UNOCT оид ба барнома ва лоиҳаҳо дар Осиёи Марказӣ

26.01.2024 13:09

23 январи соли 2024 дар қароргоҳи СММ “Брифинги сатҳи баланд оид ба барнома ва лоиҳаҳои Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар Осиёи Марказӣ – дастовардҳо ва қадамҳои минбъда” баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм, Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ бо мақсади баррасии таҳдидҳои кунунӣ ва пайдошаванда дар самти мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии дастовардҳои асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт ташкил карда шуд.

 

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароиро қайд кард.

 

Ӯ ҳамчунин аз СММ ва дигар кишварҳои узв барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он даъват ба амал овард.

unoct-1.jpg

unoct2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg