Иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи дуюми Иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ

04.10.2022 09:59

3 октябри соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи дуввуми Иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар баромади хеш Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иқдомҳои Тоҷикистон дар раванди амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ҷалб намуда, дар бораи авлавиатҳои кишвар дар кори Кумитаи дуввум гуфт.

Намояндаи доимӣ инчунин оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард. Дар ин росто, аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистонро марбут ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иҷлосияи 77-уми МУ СММ дастгирӣ намоянд.

Ҳамзамон аҳаммияти Конфрноси СММ оид ба об дар соли 2023 (ш.Ню-Йорк) барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ҳадафи шашуми рушди устувор низ меҳвари суханронии Намояндаи доимиро ташкил карданд.

CT2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg