Иштирок дар иҷлоси Комиссияи сулҳофаринии СММ: Роҳбарии занон, рӯзномаи сулҳ ва амният ва нақши занон дар заминаи тағйирёбии иқлим

11.11.2022 08:12

11 ноябри соли 2022 дар Қароргоҳи СММ иҷлоси сатҳи баланди Комиссияи сулҳофаринии СММ: Роҳбарии занон, рӯзномаи сулҳ ва амният ва нақши занон дар заминаи тағирёбии иқлим, ба мақсади мусоидат ба иштироки занон дар бунёди сулҳ ва татбиқи рӯзномаи «занон, сулҳ ва амният» дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва роҳбарии занон дар заминаи тағирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар иҷлоси мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Намояндаи Тоҷикистон зимни суханрониҳои худ тазаккур дод, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерии муассир, ки ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон нигаронида шудааст, иродаи сиёсӣ зоҳир намуд.

Вобаста ба мавзуи сулҳофаринӣ Ҳ. Қурбонзода қайд намуд, ки Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст ва дар самти пешгирии низоъҳо, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва ҳифзи сулҳу субот таҷрибаи кофӣ андӯхтааст ва занони тоҷик дар равандҳои барқарорсозии сулҳ дар кишвар фаъолона ширкат варзидаанд.

Инчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамбастагии масъалаи обу иқлим ва нақши занон дар ин раванд гуфта, ба ҳозирин дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур таҳти раисии Комиссияи сулҳофаринӣ, Намояндаи доимии Банладеш дар СММ Мухаммад Абдул Мухит баргузор гардид ва дар он ба ғайр аз ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони 31 кишвари аъзои Комиссияи сулҳофаринии СММ ва намояндаи вежаи Дабири Кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда Наталия Герман иштирок ва суханронӣ намуданд.

WP-1.jpg

WP2.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg