20 декабри соли 2022 брифинги Кумитаи зиддитеррористии ШАСММ оид ба Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СММ баргузор гардид.
Намояндаи доимии кишвар зимни баромади худ дар чорабинии мазкур қайд намуд, ки Тоҷикистон бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид пайваста кушиш менамояд, ки сулҳу субот дар саросари ҷаҳон поянда бошад.
Дар ин радиф, Ҷ.Ҳикмат дар бораи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ва инчунин талошу иқдом ва саҳми назарраси кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумот муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин, мавсуф роҷеъ ба натиҷаҳо ва аҳаммияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки 18-19 октябри соли равон дар ш. Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ UNOCT, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар доир гардид, иттилоъ дод.
Зимнан тазаккур дода шуд, ки Конфронси мазкур марҳилаи сеюми силсилаи чорабиниҳо дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм» ба шумор меравад.