Мулоқоти намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ

31.01.2023 12:59

31 январи соли 2023 дар Намояндагии доимии Туркманистон дар СММ мулоқоти муштараки намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталия Герман баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла пойдории сулҳ ва рушди устувор дар минтақа, обу иқлим, инчунин мубориза бо терроризму ифротгароӣ, алалхусус вазъ дар Афғонистон баррасӣ шудаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Н.Герман бинобар ба итмом расидани муҳлати маъмуряташ ба ҳайси роҳбари Марказ ва саҳми назарраси номбурда дар доираи ваколатҳои UNRСCA изҳори сипос карданд.

UNRCCA.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg