19 сентябри соли 2022 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна доир гардид.
Баёнияи муштаракро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хоричӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна Хю Хилтон Тодд ба имзо расониданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин аҳаммияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Гайянаро таъкид карданд.