Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ

19.09.2022 21:34

Имрӯз дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланд-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Чаба Корошӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир, иқдомҳои муштарак, инчунин татбиқи муассири Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Устувори он мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба ислоҳоти СММ, тағйирёбии иқлим, обу энергетика ва амният дар минтақа, ба вежа вазъи Афғонистон дар меҳвари суҳбат қарор гирифтанд.

Изҳори умедвори карда шуд, ки Дафтари Президенти МУСММ дар иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти бомуваффақият баргузор намудани Конфронси оби СММ-2023 (моҳи марти соли 2023, шаҳри Ню-Йорк) бо мақсади татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ҳадафи 6-уми он, ҳамдастӣ хоҳад кард.

PGA.jpg

PGA22.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg