Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои камтараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ

19.09.2022 21:23

19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои камтараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ хонум Рабаб Фатима доир гардид.

Мусоҳибон атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, ба вежа дар самти обу энергетика, нақлиёт ва дастоварду мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ин кишварҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин росто, Вазир аз ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ таъкид намуд.

FM-with-LLDC.jpeg

FM-with-LLDC333.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg