Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари Дафтари СММ оид ба муқовимат бо терроризм

19.09.2022 21:15

19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланд-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари СММ оид ба мубориза ба терроризм (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNOCT, бе вежа амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (18-19 октябри 2022, Душанбе) дар доираи “Раванди зиддитеррористии Душанбе”-ро баррасӣ карданд.

Voronkov-jpg.jpg

 

Voronkov5555jpg.jpg

 

Voronkov66666.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg