Мулоқот бо Вазири муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва технологияҳои Ҷумҳурии Малдив

20.07.2022 16:21

19 июли соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар доираи сафарии кории худ ба ш.Ню-Йорк бо Вазири муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва технологияҳои Ҷумҳурии Малдив хонум Аминаз Шауна мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрии музкур ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории муштарак дар самти муҳити зист ва мубориза ба тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.

Шерализода Б.А. оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим маълумот дода, аз иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт.

Дар навбати худ, хонум Аминаз Шауна нақши Тоҷикистонро дар таблиғи масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии кишварашро барои дастгирии ташаббусҳои кишвар изҳор кард.

Maldiv-Env.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg