Иштирок дар Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат”

20.07.2022 16:16

19 июли соли 2022 дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат” дар мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯзаи доир гардид.

Дар Мубоҳисаи сатҳи баланд Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А.Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле иштирок ва суханронӣ карда, аҳаммияти баргузории чорабинии мазкурро дар мубориза ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерилизода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуд. Шерализода Б.А. ба ҳайси панелист дар сегменти аввали чорабинӣ таҳти унвони “Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ” суханронӣ карда, дар бораи се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зист зикр кард. Мавсуф зимни суханронии худ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва чораҳои андешидашудаи кишвар дар ин маврид гуфт.

Инчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид кард.

Moment-1.jpg

Moment-2.jpg

Moment-3.jpg

Moment-4.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg