Мулоқот бо Директори барномаҳои ниҳоди СММ оид ба масъалаҳои муҳити зист

20.07.2022 12:03

19 июли соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Ҷамил Аҳмад, Директори барномаҳои ниҳоди СММ оид ба масъалаҳои муҳити зист вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории муштарак дар самти муҳити зист ва мубориза ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи лоиҳа ва барномаи он ниҳод дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аҳаммияти он барои татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор табодули афкор карданд.

Шерализода Б. инчунин дар бораи чораҳои андешидашудаи кишвар ҷиҳати ҳаллу фасли таъсири тағйирёбии иқлим ва мубориза бар зидди таҳдидҳо дар соҳаи муҳити зист маълумот дод.

UNEP.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg