Вохурии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Нидерландия

12.07.2022 12:00

11 июли соли 2022 дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти дуҷонибаи фиристодагони вежаи Тоҷикистон ва Нидерландия оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023), ҷаласаҳои канориву махсус, мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии он ва ташкили нишастҳои муштарак ҷиҳати муаррифии ҳадафу нақшаҳои Конфронс дар доираи дигар конфронсҳои минтақавиву байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар зимн нақшаи муштарак ҷиҳати танзими иқдомҳои баъдӣ ва анҷом додани муколамаҳои алоҳида бо ҷонибҳои алоқаманд ба мақсади таъмини иштироки тамоми кишварҳои узв дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси оби СММ муҳокима шуд.

Meeting-with-netherlan-delegation-within-HLPFn.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg