12 июли соли 2022 мулоқоти муштараки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Шоҳигарии Нидерландия дар СММ Ёка Брандт ва фиристодагони вежаи Тоҷикистон ва Нидерландия оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк бо Президенти тоза интихобшудаи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши доир гардид.
Ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои муштарак роҷеъ ба раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) ва дигар масъалаҳои тадорукотӣ табодули назар намуданд.
С.Раҳимзода аз натиҷаҳои Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланад оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро гуфта, аҳаммияти онҳоро дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси 2023 ҳамчун саҳми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.