Мулоқот бо сардори бахши низомҳои гидрологӣ ва норасоии оби Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО

13.07.2022 11:52

12 июли соли 2022 вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Фиристодаи вежаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода бо cардори бахши низомҳои гидрологӣ ва норасоии оби Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО Анил Мишра баргузор шуд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар самти обу иқлим ва масаъалаҳои омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028 (Ню-Йорк, марти 2023) баррасӣ гардиданд.

Инчунин, ҷонибҳо оид ба аҳаммияти ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва нақшаҳои муштарак барои пешбарӣ ва татбиқи он табодули афкор намуданд.

Anil-Mishra-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg