13 июли 2022 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси ниҳоди СММ-об дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушди баргузор шуд.
Нишасти мазкур бо суханронии муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин, Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ифтитоҳ гардид.
Зимни чорабинии зикршуда Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанберо муаррифӣ намуда, аз аҳаммият ва саҳми маъракаи мазкур барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) гуфт.
Фиристодаи вежаи Подшоҳии Нидерландия оид ба масъалаҳои об бошад, зимни суханронӣ, аз раванди омодагӣ ба Конфронси 2023 ва фикру мулоҳизаҳои пешакии мизбонони Конфронс дар робита ба мавзӯъҳои интерактивии ин чорабинии муҳими СММ ба ширкаткунандагон маълумоти мухтасар пешниҳод кард.
Бояд қайд кард, ки зимни чорабинии номбурда намояндагони намояндагиҳои доимии Сенегал, Япония, Португалия, Миср, Швейтсария, Словения ва Финляндия, Котиби давлатии парламентии Вазорати муҳити зист ва ҳифзи истеъмолкунандагони Федералии Германия хонум Беттина Хоффман ва Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) Петтери Таалас низ дар бораи чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ баромад карданд.