Мулоқот бо Намояндаи доимии Германия дар СММ

14.07.2022 11:32

13 июли соли 2022 фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Федеративии Германия хонум Антйе Леендертсе мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот С.Раҳимзода аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим ёдовар шуда, дар бораи натиҷаҳои Конфронси дуввуми байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) маълумот дод.

Инчунин, Фиристодаи вежа аҳаммияти саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид намуда, зарурати таҳкими ҳамкории тарафайнро дар робита ба ин мавзӯъ қайд намуд.

Дар навбати худ, Намояндаи доимии Германия натиҷаҳои Конфронси Душанберо мусбат арзёбӣ намуда, омодагии кишварашро барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла иқдоми навбатии кишвар оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳор намуд.

GERMANY-PR.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg