Ҷаласаи канории «Мутобиқсозии об ва иқлим: ду тарафи як танга»

15.07.2022 11:27

14 июли 2022 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва «СММ-Об» ҷаласаи махсус таҳти унвони «Мутобиқсозии обу иқлим: ду тарафи як танга» баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур таҳти модератории муовини раиси “СММ-Об” Келли-Эн Нейлор сурат гирифта, дар он Сарвазир ҷазираи Сант-Мартени Шоҳигарии Нидерланд Силверия Ҷейкобс, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа (маҷозӣ), вазири тиҷорати хориҷӣ ва рушди Нидерланд Лисже Шрайнемахер ва коршиносону роҳбарони ниҳодҳои соҳавӣ суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ атрофи нақши захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, ноил шудан ба устуворӣ, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун дар кишварҳои ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саҳми ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ ва рӯзномаи ҷаҳонии рушд, натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанбе дар пешбурди кори Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, аҳаммияти пиряхҳо дар ҳифзи захираҳои об ва ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати ҳали масоили обу иқлим ва идомаи фаъолияти Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим ва дигар абзорҳои байналмилалии соҳавӣ баромад намуд.

Дар ҷаласа муайян намудани мавзӯъҳои интерактивии Конфронси оби СММ ва таҳияи санади Рӯзномаи Даҳсолаи об аз натиҷаи он ҷиҳати мушаххас намудани уҳдадориву саҳми кишварҳои узви СММ дар роҳи ҳалли амалии масоили обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим дониста шуданд.

 

Side-Event-coin.jpg

Side-event-2-coin-n.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg