14 июли 2022 дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Намояндагии доимии кишвар дар СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар ҳамкорӣ бо зерниҳоди СММ ва кишварҳои шарик нишасти маҷозии Ҳадафи шашуми рушди устувор ҷиҳати баррасии зарурати таҳияи санади ниҳоӣ аз натиҷаҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, Ню-Йорк) баргузор гардид.
Иштирокчиёни нишаст оид ба мавзӯъҳои интерактивӣ ва масъалаҳои мундариҷавии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун андешаронӣ карда, баррасии Рӯзномаи Даҳсолаи об ҳамчун санади ниҳоии конфронсро дар татбиқи босамари “Рӯзномаи 2030”-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор таъкид намуданд.
Масъалаи мушаххас намудани саҳм ва уҳдадориҳои кишварҳои узви СММ ва ниҳодҳои алоқаманд доир ба ҳалли амалии масоили обу иқлим ва таъмини саривақтии ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ аз нақшу ҳадафҳои асосии санади Рӯзномаи Даҳсолаи об иборат хоҳад буд.